Бскаҳи лаълу гуҳари дида ба доман дорам
Доман аз лаълу гуҳар , ғайрат махзан дорам
Кӯҳкан бошам ва бояд бикунами ҷон дар кӯҳ
На чу парвизи сар рафтан ар ман дорам
Раҳи имони маро , чашм сиёҳӣ зад ва рафт
Ман ба лаб , ҷони зи паии ҳасрат раҳзан дорам
Рӯй шоҳ париён дидам ва девона шудам
Чаҳ ғам аз сарзаниши оқил ва кавдан дорам
Беҳтар онаст ки беруни рӯм аз чашми ҳасуд
Тан , ки борӣктар аз ришта сӯзан дорам
Ман , ба майдони таваллои ту аз ҳиммати ишқ
Ҳамчуи гӯ , дар хами чавгон , сар душман дорам
Афсар , охир шавадам нармтар аз қабзаи мум
Дил , агар сахттар аз пора оҳан дорам