Бо ту санавбари хиром , карда қиёмати қиём

Карда қиёмати қиём , бо ту санавбари хиром

Гар ту бирезӣ ба ҷом , бода набошад ҳаром

Бода набошад ҳаром ,гар ту бирезӣ ба ҷом

Моҳи рахтро ғулом , омадаи хуршеди чарх

Омадаи хуршеди чарх , моҳи рахтро ғулом

Валвалаи хосу ом , замзама ҳасан туаст

Замзама ҳасан туаст , валвалаи хосу ом

Бас ки буд издиҳом , кӯии ту чун маҳшар аст

Кӯии ту чун маҳшараст , бас ки буд издиҳом

Сарви хиромон ба бом , ҷуз ту наомад дигар

Ҷуз ту наомад дигар , сарви хиромон ба бом

Гар ту бабандӣ ба дом , моя ворастагӣ аст

Моя ворастагӣаст ,гар ту бабандӣ ба дом

Хӯни дили андар ба ҷом , афсари бечораи рост

Афсари бечораи рост , хӯни дили андар ба ҷом