Қадаҳро дар кафи соқӣ , зи ҳасрати хӯн ҷигар кардам
Чу дар мастии ҳадис аз лаъли он зебо писар кардам
Бути ёқӯти лаб , монанди саҳбо кард нӯши ҷон
Ба ҷом аз ҳасрати лаълаш , ҳам аз хӯн ҷигар кардам
Нахоҳад гашти толеъ , офтоби субҳи умедам
Чу ман , бо муддаӣ аз шоми ҳиҷраши қисса сар кардам
Агар ҷавлон кунам дар олами боло , аҷаб набӯд
Хирадро зарраи хуршеди он рашк қамар кардам
Шабӣ ёд оядам , каз оташи рӯйиш чу парвона
Саропои сӯхтам , то арса бар шамъ саҳар кардам
Чу донистам ки гардад талхи ком , аз қиссаи сабрам
Супурдами ҷони ширину ҳикоят мухтасар кардам
Саноӣ муддаӣ кардам , ба шукри ваъдаи васлаш ,
Чаҳ нафринӣ , ки шабҳо бар дуоӣ беасар кардам
з бас ифшоанд аз ҳиҷраш , сиришк аз дидагони афсар ,
зи сайли ашк , малики шоҳро , зер ва зибр кардам