Аз наво кам накунам , то накунад озодам
Гар қафаси гулшану гулшани қафаси сайёдам
Он ниҳони ишва , ки оварадӣу барадии дили ман
Аз танам ҷон равад ва он наравад аз ёдам
Ранҷи дил дар талаби роҳати ҷон давлат нест
Давлат онаст ки ман дар талабаш ҷон додам
Ҳеҷ кам менакунад зотшу обу дилу чашм
Ғами ишқи ту , ки чун хок диҳад бар бодам
Ту чу ширинӣу парвизи ҳаваси пеша , рақиб
Синаам кӯҳу ғамати теша ва ман Фарҳодам
Нуҳум аз доираи хати адам , пои он сӯй
Дасти ҷаври тугар ин гӯна кунад бунёдам
Афсар , аз қайди вуҷӯду адам озод шудам
То ба доми сари зулфин батон афтодам