Мо ки аз саҳбои ҷоми ишқ ту мастем
Бар сари бозори ном ва нанг нишастем
То ту бибинӣу бози захми нави оре ,
Пораи дилро ниҳода бар каф дастем
Умр дигар кӯ , ки мо зи уқдаи он зулф ,
Риштаи умрӣ ки доштем гусастем
То накунад бози пораи ҳалқаи занҷир
Ин дили девонаро ба зулф ту бастем
То чаҳ кунад бахт ҳолиё , ки дар ин шаҳр
Ошиқу бадному ринд ва бода парастем
Дар ҳаваси ҷоми бодаи лаби хубон ,
Бе майу соқии хароб ва бе худ ва мастем