Боварам нест ки бошад чамании беҳтар аз ин

ё бирӯяд зи чаман , Настарании беҳтар аз ин

Натавон гуфт таниро , ба аз ин перҳан аст

ё ки дар перҳанӣ , рафтаи тании беҳтар аз ин

Аз чаҳ пӯшӣ ба ҳарирӣ ки буд ҳалаи ҳур

Ин баданро ки сазад перҳании беҳтар аз ин

Гашти маълуми ман аз даври сухани гуфтани ту

Ки напарварда суханро даҳании беҳтар аз ин

Ваъдаи қатл ба ман май диҳӣу бӯса ба ғайр

наметавон гуфт ба мо ҳам сухании беҳтар аз ин

Соҳати боғи рахтро хами он зулф гирифт

Дар чаман пар накушояд , зағании беҳтар аз ин

Кандаам баҳри ту қасрӣ ба дил аз тешаи ғам

Қаср ширин накунад кӯҳ кунӣ беҳтар аз ин

Чини гесуӣ ту шуд , маскани ҷони афсар

Ёфт дар чин натавон , каси ватании беҳтар аз ин