Бӯсӣ ба ман аз он лабу рухсор ато кун
Заъфи дилам аз шарбати гули қанд , даво кун
То фитнаи балое ба вуҷӯдат нарасонад
Ҷону дили моро ҳадафи тир бало кун
Дерӣаст ки рӯ бар тараф қибла накардам
Бинмоӣ руху абрӯии худ , қибла намо кун
Хӯн шуд дилам аз ҳасрати мижгони ту , эй тарк
Зони новаки дили дуз , маро комрўо кун
Рӯзӣ ба хато , анбар аз он зулф биафшон
Вази ғолия , хӯн дар дили оҳӯӣ хто кун
ё зулф манеҳ то нашавам шефтаи хотир ,
ё фикри мушавваш шудани бод сабо кун
Афсар , магари он давлат дидор биёбӣ
Бар давлати дилдори ҷаҳондор дуо кун