Хами абрӯии ту , ҳам каъба ва ҳам майхона

Лаъли дилҷӯии ту , ҳам бода ва ҳам паймона

То фусуни ғами ишқи ту , маро шуд дар гӯш ,

Нишнидам суханиро , ки набӯд афсона

эй ки ҷӯии лаби маъшуқау ободии ақл ,

Ганҷ пайдо накунӣ , то накунӣ вайрона

Гиря аз ҳасрати дурдонаи мардум то кӣ ?

Чанд , дурдона бирезам зи ғами дурдона ?

намезадам лофи дурӯғӣ ки манам оқили шаҳр ,

Кард занҷири сари зулфи туам , девона

Ёр хандид ба девонагии мо , афсар

Беҳтар онаст ки девона , шавад фарзона