Дории зи чамангар ҳаваси ҳалқаи домӣ

эй мурғи дили мо , биншин бар сар бомай

Моро з ҳарам ронад агар шайх ба тазвир

Ғам нест ки дар дайри гирифтеми мақомӣ

Дар дайр ки зуннор шавад риштаи тасбеҳ

Аз нанги мҷуи ном , агар толиби номӣ

Соқӣ бидиҳ аз соғари лаб , бода ки мо ро

Ҳаргиз набӯд беҳтар аз ин шурби мудомӣ

Чун ман , ки ба ҳеҷам бихаред ва бифурӯшед

Дигари набарди хоҷа ба бозори ғуломӣ

Гар бар сари ҷангӣ , чаҳ кам аз додани дашном

Вари навбати сулҳи омада , бифирист паёмӣ

Бинишастау бархестаи ошӯби қиёмат

Аз ҷилваи қадат ба қуудӣу қиёмӣ

Ҳар моя ки дар мадриса андӯхтам , афсар

Дар майкада додам ба баҳоии ду се ҷомӣ