Ҳарҷо ки ту биншинӣ , сад фитнаи барангезӣ

Ҳар фитна шавад ҳафтод , ҳар лаҳза ки бархезӣ

Коми дил ҳар оқил , аз лаъли шукри хое

Доми раҳ ҳар доно , бо зулфи диловезӣ

Аз ҷилваи рухи Байзо , дар ҳолаи ту май пӯшӣ

Вази сабзаи хати анбар , бар лола биёвезӣ

Бар фарқи сари хуршед , хоки сияҳ аз ғайрат

Зони кокули машки афшон , эй моҳи ту май безӣ

Аз зулфи абири осо , дар ҳолаи қамари пӯшӣ

Вази талъат чун Байзо , дар лолаи гҳрризӣ

Аз лаъли равонпарвар , бо мӯъҷизи ъисоиӣ

Вази чашми ситами густар , бо фитнаи Чингизӣ

Дар кӯҳи ғами ишқат , хубон ҳама Фарҳоданд

Сад ҳайф ки чун ширин , ҳам суҳбати парвизӣ

Аз хонаи худ эй дӯст , ман рафтам ва ӯ омад

Вақтаст Фаридуни вор , бо ҳодисаи бстизӣ

эй он ки дил мо шуд , девонаи занҷират

Гирам ки парии зодӣ , аз мо з чаҳ бигурезӣ

эй он ки туро бошад , рухсора чу ойӣна

Аз оҳи дили афсар , то чанд нпрҳизӣ ?