Бар қатли ман хаста , агар бастаи миён ро

То боз кунад зинда , гушӯдааст даҳон ро

Сари хат амон дод ба мо талъати ту дӯш ,

Ва имрӯз гирифт аз кафи мо хати амон ро

Тарсам ки чу Чингиз кунад чашми ту бо халқ

эй тарк бигир аз каф ӯ тиру камон ро

То бӯсӣ аз он лаб бидиҳад балки иҷозат ,

эй муғи бача аз мо ту бигӯ пери Муғон ро

Моро ба ҷаҳон нест сари суду зӣоне ,

Савдои ту барад аз сари мо , суду зиён ро

Аз чошнии теғ ту шуд ғайри хабардор ,

Афсӯс , ки кардем аёни рози ниҳон ро

Зини сон ки парӣ вор кунад ҷилва ба мо дӯст

Девонаи манам , гар надирам ҷомаи ҷон ро