Он кӯ ба ту бахшед чунин лутфу сабоҳат
Омухти марои шоирӣу расми фасоҳат
То мардуми чашмами садаф дар ту бинад
Чун одами обӣ шуда дар ғўсу сбоҳт
Ҳам чашмаи Хизрии ту ва ҳам ҷоми Сикандар
Ҳам маъдани ҳасании ту ҳам кони малоҳат
Ҳам мояи ҷодуӣ ва ҳам сояи эъҷоз
Ҳам офати оромӣ ва ҳам фитнаи роҳат
Ҳам доруии дардии ту ва ҳам меҳнати ҷон ҳо
Ҳам марҳами захмии ту ва ҳам доғи ҷароҳат
Бисёр дили мо ҳаваси бӯси туро кард
Нишнид ҷавоб аз лаби лаълат ба сароҳат
Бо рӯй ту , кони ҷилваи даҳ субҳ мусаффост
Хуршед бурун омад ва нашнохт қабоҳат
Афсар , макаш аз ранҷи талаби пой ба доман
Кин хусрави мо , соҳиб ҷӯадасту самоҳат