Меҳри чеҳрӣ ки мунаввари басари кавкаб аз ӯст

Ҷилваи турраи талъат на , ки рӯзу шаб аз ӯст

Мутрибу соқӣ аз он бе худу мустанади мудом ,

Ки дафу барбату не , ҷом ва майу машраб аз ӯст

Узв , узви вай агар дил бирабоед чаҳ аҷаб ,

Ки кафу соиду соқу занаху ғабғаб аз ӯст

Ҷонам ар оташу дили миҷмару тани авд чаҳ бок ,

Ки дилу ҷону тану сӯзишу тобу таб аз ӯст

Гӯш кун як сабақ аз дарси муҳаббат , гарчи ,

Дафтару дарсу адибу кутубу мактаб аз ӯст

Руху абрӯӣу хаму турра ва холаш бингар ,

КоФтобу мау нави сунбулау ақраб аз ӯст

Хуш буд тохт агар асби ситам бар афсар

Ки шаҳиди ситами наъли сами мураккаб аз ӯст