Рӯйу лабу тану зқни ёр нозук аст

Монанди барги Настаран , ин чор нозук аст

Гар симу зар талаб кунаду ҷисму ҷону сар

Миннатпазир шӯ ки дили ёр нозук аст

эй дили хаёли бӯси лаби он санам макун

Мапасндаш ин кунанд , ки бисёр нозук аст

Мизроби ишқ , бар раги ушшоқ , мтрбо

Оҳистаи зан , ки риштаи ин тор нозук аст

Афсар , надидӣ ар асари нақши пои дӯст ,

Озурда дил мабош , ки рафтор нозук аст