эй , дили мо ғарқи хӯн аз нӯки тират
Ғарқ хӯн мапаснд , сайди дастгират
эй камони абрӯ , бинозам шасту дастат
Сайд битавон кард , ҳар ҷо рафт тират
Дар сифати нахҷӣр , аз пайкони мижгон
Ҳамчуи оҳӯ , оҷиз ояд шарзаи шерат
Дар сифати мо ошиқон , ҷуз дил наҷуед
Тири мижгон , дар камони дилпазират
Теғ бар мо охтӣ , сад ҳайфи комад ,
Туъмаи шер , ҷонҳои ҳақират
Дар шаби ғам ҷон сипорам , зуди зудат
Рӯзи айш , эй онкии байнами дайри дайрат
АФсро , дар вартаи ғам дар наМонӣ
Улфати дилдор агар шуд дастгират
эй ки хӯни ошиқон чун май ба ҷомат
Аз чаҳ омад хӯни ҳалол ва май ҳаромат ?
эй хиромони сарви боғи дилрабое
Бо қиёмат , бӯда ошӯби қиёмат
Аз масеҳои мурдагонро муждаи ҷон ,
Боди шбгирӣ ки май оради паёмат
Рӯзи айши ҳамдаматро шом набӯд
Офтобӣ дар ҷабин , эй маи ғуломат
Бо ниқоби зулф , рухи пӯшӣ ва бошад ,
Шоми ялдо , рӯзгори хосу омат
Ҳамчуи нахҷӣри каманди хубрӯён
АФсро , бар дасту по сахтаст домат