Моро ҳавои бодаи ёқӯт фом туаст
Соқӣ бубахш бӯса , ки он май ба ҷом туаст
Мо ҳамчуи сиккаи зар холис гудохтем
Дарёб эй ки сиккаи хӯбӣ ба ном туаст
Мурғи дилам , зи ҳалқаи зулфат раҳо мабод
Ворастагии марои ҳама дар чин дом туаст
Хурсанд хотирам , шаби ҳиҷрон , ки анқариб ,
Дасти насими субҳ , ба зулф чу шом туаст
Таснӣм , ҷуръае зи лаби рӯҳ парварат
Тӯбо , ҳикоятии зи қади хуш хиром туаст
Моро намерасад ҳаваси файзи бандагӣат
Кайвони каминаи чокару ҷавзо ғулом туаст
Гетии ҳама ба зевари ҳасанат мунаввар аст
Хуршед кавкабӣаст ки толеъи з бом туаст
Соқии з ман бигӯӣ ба он тарки бодаи нӯш ,
Афсар намехӯрд май ,у маст мудом туаст