Меҳр ва вафо сиришта ба обу гул ту нест
ё он ки ошнои мо , дар дил ту нест
Рашками з майл туаст , ба ағёр , варна ман ,
Бовар намекунам ки касе моил ту нест
Манзили гузидае ва карам кардае валек ,
Шарм оядам ки хонаи дили қобил ту нест
Пардохтам зи хештан ва ҳар ки ҷузи ту , дил
Танҳо нишин ки ғайри ту дар манзил ту нест
Рухсори офтоб ки равшан кунад ҷаҳон ,
Монанди моҳ рӯй ту дар маҳфил ту нест
Набӯд агар ҳимояти додари дастгир ,
Афсар , тараҳҳумӣ ба дили қотил ту нест