Зони чашми пурхумор ва аз он лаъл май параст ,
Бенашъа дар хморк ва бе ҷоми бода , маст
Ҳам пои ақл ва ҳам пари мурғи шикебро ,
Бо санги ишқу дашнаи ҳасрат , шикасту баст
Рустам , яке камони ғамамро намекашад ,
Зони дам ки тири ишқи ту дар сина ам нишаст
Баҳри нисори хоки қудумат , дилами ду ним
Нимӣ маро ба сина ва нимӣ дигар ба даст
Ишқат фиканда уқдаи дигар ба кори дил
Ҳар уқдае ки нохуни ақл аз дилам гусаст
Ҳар сайдро умеди раҳоӣ буд зи банд ,
Сайдӣ ки дар каманд ту омад дигар наҷуст
Афсар , ки растгори бад аз қайди умру вазид
Аз доми зулф ва аз шикан дилбарон нараст