То шудам шефтаи зулфи ту оромам нест

Ҳамчуи оғози ғамати шодӣ анҷомам нест

Дилами он гӯна ба доми ту ҳавас кард ки ҳеҷ ,

Ҳалқае хубтар аз ҳалқа андомам нест

Ман ки дар оташи савдои ғамат пухта шудам ,

Ҳеҷ дар бӯсаи он лаби тамаъ хомам нест

Ҳаваси хилвати хосат , ба чаҳ умед ва чаҳ ҳад

Ман ки раҳ дар гузари боргаҳ омам нест

Ба ду зулфат , ки шабӣ рӯз накардам ҳаргиз

Ки на имрӯз аз он зулфи дўто шомам нест

Нолаам зору дилами коса хӯнаст , дигар

Ҳаваси мутрибу соқӣ , талаб ҷомам нест

Тири мижгони ту , коми дил ҳар ноком аст

Ҳайф , кони тири насиби дил нокомам нест

Бо сабо , шарҳи парешоне худ гӯям аз онк ,

Сӯии он нофаи гшо , Зуҳра пайғомам нест

Дасти тавфиқ чу бигирифт Аннанам , афсар

Ту мапиндор , ки як он сухан ромам нест