Шамшери ту чашма ҳаёт аст

Занҷири ту ҳалқа наҷот аст

Гесуии дарози тоби дорат

Сари риштаи умр мумкинот аст

Ҳар уқда аз он сиёҳи соҳир

Ҳалоли тамом мушкилот аст

Моро з чаҳ талх ком дорад ,

Лаъли ту ки маъдан набот аст

Сабри ману ваъдаи ту дар ишқ

Афсӯс , ки ҳар ду бесабот аст

эй он ки назар ба мот набӯд

Ҷон аз назари рухи ту мот аст

Рухсораи дилрабояши афсар ,

Мрот ҷаҳон намой зот аст