Зулф , дар оташ рӯй ту , чу дар тоб шавад
Дилу ҷонам , бадали оташ ва симоб шавад
Тири мижгони ту , ҳар лаҳза ки партоб ояд ,
Дил ҳасрат зада мост , ки бетоб шавад
Ҳиндӯии холи ту , то қатл мусулмон накунад ,
Фитна Эй нест , ки як мартаба дар хоб шавад
Тарки чашми ту , аз ин гӯна , агар тир занад ,
Тарсами он сахти камон , нойиб Суҳроб шавад
Ғунчаи лаъли ту , то хӯни дил мо нахурд ,
Аз меноб мапиндор ки сероб шавад
Ҷон олӯда кунам пок , ки шояд рӯзӣ ,
Ба саропардаи меҳри ту , шарафёб шавад
Бскаҳ бо себи занхдони туам , майл қавӣаст ,
Тарсами он миваи нўомдаҳ , камёб шавад
Ваа ки охир кунадам хонаи тоқати вайрон ,
Қатраҳои мижа магузор , ки сайлоб шавад
Он қадр дар ғами он дӯсти бгрим ки зи хӯн ,
АФсро , ашки рухам , рашк меноб шавад