Он ки дар базм на соқӣ ва на ҷомӣ дорад

Нест беайш вале айш ҳаромӣ дорад

Он ки май , нӯшад аз он лаъли лаби соқии мо ,

Нӯши бодаш ки аҷаби шурб мудомӣ дорад

Бод меояд ва чун мезадагон арбада ҷӯаст

Май намояд ки зи маъшӯқ паёмӣ дорад

Гӯ баҳораст ки аз хона ба бустон наравад

Ҳарки дар хонаи чунин сарв хиромӣ дорад

Ғайр дар ҷӯш ва хурӯш омад ва мо хомӯшем

Оташи ишқ батон пухта ва хомӣ дорад

Зулфро ҳалқа куну холи намоён , ки дигар

Мурғи ҷонами ҳаваси дона ва домӣ дорад

эй басои банда ки шоиста фармон набӯд

Хоҷа он нест ки дар хона ғуломӣ дорад

Ғайр агар роҳ ба пиромн ӯ барад чаҳ ғам ,

Хилвати хос батон шореъ омӣ дорад

Лутфи дилдор буд шомили афсар , варна ,

Хасм бар кӣна ӯ саъй тамомӣ дорад