эй хуши он дида , ки аз ашк нигорӣ дорад

Хуштар он дида , ки бо рӯй ту корӣ дорад

Ҳар нафас мешавад ошуфтаи зи бедоди насим ,

Дил , ки дар чанбари зулфи ту қарорӣ дорад

Рӯйу мӯии ту буд рӯзу шаби муштоқон

Олами ишқ , аҷаби лайл ва нҳорӣ дорад

Ғолиб онаст ки тасхир кунад ҳафт иқлӣм

Ҳар ғуломӣ ки чунин шоҳ саворӣ дорад

Дил асираст дар он зулф , накӯи дораш аз онк ,

Ҳар асирии сару сомон ва диёрӣ дорад

Нашавад то набарӣ ранҷи фироқ аз паии васл

Чидани гул , ба чамани заҳмат хорӣ дорад

Бо вуҷӯдат чаҳ кунам ,гар нкшми ҷаври рақиб

Нашъаи бодаи зи паии ранҷ хуморӣ дорад

Ман агар ошиқ рӯй ту шудам , хурдаи мгир

Шамъу парвонау гул низ ҳазорӣ дорад

Ҳарки ӯ шоҳиди мастона мо дид бигуфт

Афсар бесару пои турфа нигорӣ дорад