Он гуруҳе ки зи ҷону дили мо хуб таранд

Он гуруҳанд ки парварда хӯн ҷигаранд

Шӯх чашманду сияҳи туррау симини андом

Балки бо талъати хуршед назир қамаранд

Гарчи сангини дилу паймони шикану аҳди гусал

Сарви рафтору санавбари қад ва тӯбо самаранд

Ҳури кирдору парии пайкару шукри гуфтор

Ҳайф ва сад ҳайф , ки ошиқи каш ва бидодгаранд

Маҳвашони шаҳи маниш ва бо гуҳару нозуки табъ

Ошиқони муфлису девона ва бепо ва саранд

Донаҳоӣ ки ман аз дида ба домон дорам

Дар ғами симброни ҳасрати лаъл ва гуҳаранд

Меҳнати ишқу ғами фурқати ёрони азиз ,

Ҳамчуи рӯзу шаби мо ғмздгон дар гузаранд

эй хуши онон ки зи шавқи қади сарву рухи гул ,

Дар мақомоти ғазали ҳамдам мурғ саҳаранд

АФсро , дар ғами дилдор , зи мо сабри мҷўӣ

Ошиқоне ки сабуранд гуруҳе дигаранд