Туро бо лаъл хандон офариданд
Маро бо чашм гирён офариданд
Туро он зулф ва рух доданд ва моро ,
Пас он гуҳ , куфр ва имон офариданд
Чунон аз сунъи чашмати масти гаштанд ,
Ки зулфатро парешон офариданд
Дарони ошуфтаи сомонӣ , чу зулфат ,
Марои ошуфта сомон офариданд
Чу ҷисми нозукатро нақши бастанд ,
зи акси нақш ӯ ҷон офариданд
Агар ҳайрони абрӯяти набуданд ,
Марои баҳр чаҳ ҳайрон офариданд
Диламро таркиш пайкон ситуданд ,
Пас он пайкон мижгон офариданд
бадахши талъату лаъли ту диданд ,
Ки лаъли андар Бадахшон офариданд
Агар доданд моро дард , афсар
Лабони ёр дармон офариданд