Ин хӯн ошиқаст ҳамоно ба ҷом шуд

Вар на ба шаръи поки набӣ , меҳаром шуд

Гӯ бош даври чарх ба коми рақиби мо ,

Моро ки даври соқии маҷлис ба ком шуд

Расвои ишқро чаҳ тафовути нишоту ғам

Гар ном хос омад вагар нанг ом шуд

Аз пухтагон ишқ бипурс оташи фироқ

эй он ки дар хаёли ту савдоӣ хом шуд

эй боғбони салои гулистон чаҳ май занӣ

Ин мурғро ки хона ба девор бом шуд

Ёбад чигуна лиззати парвози бӯстон ,

Мурғӣ ки ошиёна ӯ кунҷ дом шуд ?