Ошиқ натавон гуфт ки дар банд набошад

Дар банди гирифторӣ , хурсанд набошад

Дар ишқ ба мое ва манӣ ёр нагардад

Дар банди худӣ дар ғам дилбанд набошад

То чанд фиребами диҳӣ эй дӯст ки шукр ,

Ширин буд онҷо ки шикарханд набошад

Дар зулфи парешони ту дилҳо ҳама ҷамъанд

Мо рости дилии шефта , мапаснд набошад

Гуфтӣ накушуд ҳеҷ тании пайкари алванд

Моро ғами ишқат , кам аз алванд набошад

Бо он лаби ширини ду се дашном биомез

Ҳарчанд буд талх , кам аз қанд набошад

Ҳаргиз набарам шикваи дилдор ба ағёр

Афсар , гила аз ёр хушоянд набошад