Хати ту ҳолаи сифат , моҳ дар миён дорад
Маи ту ҷой бар авҷи сипеҳр ҷон дорад
зи чашмакон ту пайдост эй санам , бар халқ
Ки фитнаҳои ғариб охируззамон дорад
зи бас ки бо сари зулфати гирифтаи ху , дили ман
Дили ману сари зулфи ту як нишон дорад
Ба танги айшии худ розӣам ки ин аҳвол
Басии шабоҳат бо нақши он даҳон дорад
Маро аз ин тани коҳидаҳи хотирӣ шод аст
Ки нисбатии ҳама бо мӯии он миён дорад