эй дар ҳурмати нишони каъба

Даргоҳи туро нишони каъба

эй камтари ходимони базмат

Беҳтари зи муҷовирони каъба

Каъбааст дарат , навиштаи хуршед

Алъбд бар остони каъба

Шоҳони ҳама дар паноҳи қудрат

Чун мурғон дар амони каъба

Гардун ба мисоли боргоҳат

Карда зи ҳақи имтиҳони каъба

Ҳақ карда халилро ишорат

То кард баннои басони каъба

Миллат ба ҷавор ту биёсуд

Чун сайд ба дудмони каъба

Ҷои қисму мақом саҷда аст

Аз баҳри хавоси ҷони каъба

Хоки қидмат ба арзи мусҳаф

Саҳни ҳурмати нишони каъба

Каъба ба дарат паём дода аст

К-эии каъбаи ҷону ҷони каъба

Ҷбрил ки ин паём башнавад

Ҷонии ситад аз забони каъба

Бар каъба кунанд ҷон фишон халқ

Бар садри ту ҷон фишон каъба

Дасти ту муҳӣт бар мамолик

Абрӣ шудаи соябони каъба

Шайтони з дарат рамидаи онсонк

Пелони зи нигоҳбони каъба

эй ташнаи абри раҳмати ту

Чун ман лаби новдони каъба

Зулм аз дар ту рамида чун дев

Аз сояи посбони каъба

Зулму ҳарами ту , ҳоши ллаҳ

Пои сагу нардбони каъба

Ризвони сифат дар сироят

Кардааст бар остони каъба

Ҷӯяд ба табарруки оби дастат

Чун ҳоҷи зи новдони каъба

Даҳлези сароти нофи фирдавс

Чун нофи замини миёни каъба

Чандон ки муҷовири ҳиҷобӣ

Дории сифати ниҳони каъба

Ширвон ба ту Маккаи гашту базмат

Дорад ҳарами аёни каъба

эй каъбаи бисот осмон хон

Анқо шуда мӯр хон каъба

Гар хасм ба кин ту кашад даст

Чун абраҳа бар зиёни каъба

зи иқболи ту санг сор гардад

Чун пели зиёни расони каъба

эй давлат дар рикоби бахтат

Чун ҷинат дар Аннани каъба

Ҳар панҷ намоз чун кунӣ рӯй

Сӯй дар Комрони каъба

Бар фарқи ту ахтарони раҳмат

Боринди зи осмони каъба

эй каъбаи малики ъсмаҳи аддӣн

Ман бандаи ройгони каъба

эй бонўнии шарқу каъбаи ҷӯад

Ман булбул мадҳ хон каъба

Гар каъба чу ман шудӣ забони вар

Васфи ту бадии баёни каъба

Мавқуфи ишорат ту мондам

Чун ҳоҷии миҳмони каъба

То аз ҳаҷарасту остона

Холи сияҳу лабони каъба

Дар давлати ҷовдонат бе ном

Ҳам ҳурмат ва ҳам тавон каъба

Парда дар боргоҳи бодат

Зон ҳала ки ҳаст зи он каъба

Давлат шудаи ради змони умрат

Чун миллат дар змони каъба