Ҳар замонӣ бар дилам борӣ расад

Вази ҷаҳон бар ҷонам озорӣ расад

Чашм агар бар гулистонии афканам

Аз раҳи гӯшам ба дил хорӣ расад

Нест умедам ки дар роҳи дилам

Шаҳнаи умедро корӣ расад

Нестам мумкин ки дар боғи ҷаҳон

Дасти ман бар шох гулнорӣ расад

Осмонгар фии алмисл пора кунанд

Зон насиби ман калла ворӣ расад

Захмҳоро гар наҷӯям марҳамӣ

Охири афғон карданам борӣ расад

Аз ту пурсам дар чунин ғами мард ро

Ҷон расад бар лаб ? бигӯ оре расад

Пай гирифтам корвони сабр ро

Бӯ ки хоқонӣ ба сарборӣ расад