Ушшоқ ба ҷузи ёр сар андоз нахоҳанд
Хубон ба ҷуз аз ошиқи ҷон боз нахоҳанд
То ишқ буд ақл раво нест ки мардон
Дар мамлакати ошиқӣ анбоз нахоҳанд
Онон ки чу ман бепар ва парвона ишқанд
Ҷуз дар ҳарами ҷонон парвоз нахоҳанд
Бедод аз он ҷазаъи ҷаҳон сӯз набенанд
Фарёд аз он лаъли ҷаҳон соз нахоҳанд
Гар кишти марои ғамзаи ғаммозаши зинҳор
То хӯнам аз он ғамза ғаммоз нахоҳанд
Дар мазҳаби ушшоқ чунонаст шариъат
Конро ки бикуштанд дят боз нахоҳанд
Бе ишқи зи хоқонӣ чизе накушояд
Бе васли гул , аз булбул овоз нахоҳанд