Фурӯғи ҷамолат назар барнатобад

Сифоти хаёлат хабар барнатобад

Ба кӯии ту аз заҳмати ошиқонат

Насими саҳаргаҳ гузар барнатобад

Ба бозори ту муштарӣ бебасар ба

Ки ҷонон харидан басар барнатобад

Блоӣӣ ки аз ишқат омад ба рӯем

Қазо брнагирад қадар барнатобад

Ба ҳар зиштӣ аз ишқ ту барнагардам

Ки аз ишқи хубон ҳазар барнатобад

Баронӣ ки хӯнам бирезӣ ва саҳл аст

Чаҳ ошиқ буд коинқдр барнатобад

Макун ҳеҷ тақсир дар куштани ман

Ки кори азизон хатар барнатобад

Ба бӯсаи лабатро кунад ранҷаи неи не

Ки дарди сар ӯ назар барнатобад

Ба комати зи танагии сухан дар нагунҷад

Миёни ту ҷонро камар барнатобад

Ба ҷону сари ту ки хоқонӣ аз ту

Ба ҷон гар кунӣ ҳукм сар барнатобад

Саг туаст хоқонӣ инак ба доғат

Чунон дон ки доғ дигар барнатобад