Дили ошиқ ба ҷон фурӯ ноед
Ҳимматаш бар ҷаҳон фурӯ ноед
Хокеро ки ёфт пояи ишқ
Сар ба ҳафт осмон фурӯ ноед
Вар диҳад тоҷи ақл бо ду кулоҳ
Сар ошиқ бидон фурӯ ноед
Ишқ агар чанд мурғ сҳроӣӣ аст
Ҷуз ба саҳрои ҷон фурӯ ноед
Солҳо шуд ки мурғ дар сафар аст
Ки ба ҳеҷ ошён фурӯ ноед
Ҳалқаи корвон ишқ онҷост
Ки хирад дар миён фурӯ ноед
Оқибат низ ҷуз ба сад фарсанг
зи он сӯии корвон фурӯ ноед
Ту ндонӣ ки чист лиззати ишқ
То ба ту ногаҳон фурӯ ноед
Ишқи хос касаст хоқонӣ
Ба шумо нокасон фурӯ ноед
Ишқ донад ки қаҳти сол касе аст
Зон ба каси миҳмон фурӯ ноед