Сари зулфат чу дар ҷавлон бияёд

Ба соъати фитна дар майдон бияёд

зи чашми кофари ту ҳар замонӣ

Ҳазорон рахна дар имон бияёд

Гули рухсори ту то ҷайб бикшод

Хирадро хор дар домон бияёд

Лаби лаъли ту то дар ханда ояд

Аҷалро санг дар дандон бияёд

зи даст новак андозон чашмат

Нахустин зарбатӣ бар ҷон бияёд

Дар ҷон мезанад ҳиҷри ту дерӣ аст

Ки бонги ҳалқа ва санадон бияёд

Дили хоқонӣ аз ту номзад шуд

Баҳри дардӣ ки бедармон бияёд