Дил додам ва кор барнаёмад
Ком аз лаб ёр барнаёмад
Бо ӯ сухан аз канор гуфтам
Дар хат шуд ва кор барнаёмад
Дил гуфт ҳадис бӯса мекун
Акнӯн ки канор барнаёмад
Дар маънии бӯсаи тиҳии ҳам
Гуфтам ду се бор барнаёмад
Бас кардам азин сухан ки чандон
Нақдӣ ба айёр барнаёмад
Аз ҳарки ба кӯй ӯ фурушад
Ҷузи ман ба шумор барнаёмад
Дар роҳи ғамаш дўосбаҳ ронадам
Як зарра ғубор барнаёмад
Мақсӯд наёфт ҳар ки дар ишқ
Хоқонии вор бар наомад