Нақши ту хаёл барнатобад

Ҳасани ту завол барнатобад

Чун рӯй ту бениқоб гардад

Офоқ ҷамол барнатобад

Аз ғояти нури оризи ту

Ойина хаёл барнатобад

Гар бӯси туро кунанд қимат

Як олам мол барнатобад

Манимоӣ марои ҷамоли азирок

Девона ҳилол барнатобад

Аз бӯса сухан наронам аиро

Табъи ту маҳол барнатобад

Ҷон бар ту кунам нисори неи не

Сарроф суфол барнатобад

Хоқониро макаш чу киштӣ

Май дон ки вабол барнатобад