Заҳр бо ёди ту шукр гардад

Шом бо рӯй ту саҳар гардад

Дарди ишқи ту булъаҷаб дардӣ аст

Ки чу дармон кунам бтар гардад

Натавонади нишонди дарди дилам

Гар сафоҳон ба гул шукр гардад

Май кашами ратли ишқ то Бағдод

Ҳам кашамгар зи сар бадар гардад

Бар ту то зиндаам дигар накунам

Гарчи кори ҷаҳон дигар гардад

Барнагардам ман аз ту то умр аст

Он надонам ки умр бар гардад

Хок рӯбӣаст бандаи хоқонӣ

Каз қабули ту номвар гардад

Бандаи хоқонӣ аз ту сарвари гашт

Бас намонад ки тоҷўр гардад