Обод бар он шаб ки шаби васлати мо буд
Зеро ки на шаб буд ки таърихи бақо буд
Буданд басии сӯхтагони гирд дар ӯ
Лекин ба сарои парда ӯ бори маро буд
Ман соя шудам ӯ зи пас чашми рақибон
Бар сӯрати ман рост чу хуршеди само буд
Бар чашми ман он моҳи ҷаҳони сӯзи рақам буд
Бар ишқи ваии ин оҳи ҷаҳони сӯзи гўо буд
Аз ваии талаби аҳду зи ман лафзи балӣ буд
Аз ман сухани узру азуи айни ризо буд
Беруни зи қазоу зи қадар буд висолаш
Чаҳ ҷои қадар буд ва чаҳ пурвои қазо буд
Ҳар наът ки дар васф мисолаш башнавадам
Бо сӯрати васлаши ҳамаи он васфи хато буд
Ман шефта аз шодӣ ва прессон зи дили хеш
К-эии дил ба ҷаҳони инки маро буд киро буд
Ман будам ва ӯу сифати ҳоли ман ва ӯ
Соҳиби хабарони субҳи даму боди сабо буд
То лоҷарами имрӯз смр шуд ки шаби дӯш
Парвонае андари ҳарами шамъи сафо буд
Овози зи ушшоқи баромад ки фалони шаб
Миъроҷ дигар навбати хоқонии мо буд