Овозаи ҷамолати андар ҷаҳон фитод

Шурии зи кибриёии ту дар осмон фитод

Дил дар сарои васли ту як гоми дрнҳод

Бардошти гоми дигар ва бар остон фитод

Бар шоҳи роҳи синаи ман сӯзи ишқи ту

Дузд диловарӣаст ки бар корвон фитод

Бозоргонӣ аз дили зортар ки дид

Каз ишқи суди ҷуст ба ҷон дар зиён фитод

Киштии сабри ман сӯии соҳил куҷо расад

Бо сад ҳазор рахна ки дар бодбон фитод

Қуфлӣ ки аз вафои ту бар синаи доштам

Акнӯн зи бими хасми туам бар даҳон фитод

Хоқонӣ аз ту давр на бар ихтиёр монад

Доне ки дар бало ба зарурат тавон фитод