Ҳадяи пои ту зар боистӣ

Ришваи рои ту зар боистӣ

Ғами ишқати тараби афзой ман аст

Тараби афзои ту зар боистӣ

Ҷон чаҳ хокаст ки пеши ту кашам

Пешкашҳои ту зар боистӣ

Дида дар пои ту гаштан ҳавас аст

Кушта дар пои ту зар боистӣ

Гирди ҳам иҷрои имрӯзи ту ҷон

Харҷи фардои ту зар боистӣ

Турш рӯйаст зари сафро бар

Вақти сафрои ту зар боистӣ

Оташи бастаи кушояди ҳамаи кор

Кори пирои ту зар боистӣ

Безарӣ дошт туро бар сари ҷанг

Сулҳи фармои ту зар боистӣ

Кӯҳи симинӣ ва ҳам санги туам

Дар таманнои ту зар боистӣ

То кунам бар сару болоти нисор

Ҳам ба болои ту зар боистӣ

Дид симои марои ишқ ту гуфт

Ки чу симои ту зар боистӣ

Дили сўдоӣии хоқонӣ ро

Ҳам ба савдои ту зар боистӣ