Чаҳ нишинам ки фитна бар пой аст
Рояти ишқи пой барҷоӣ аст
Ҳарчӣ боист доштам алҳақ
Меҳнати ишқ низ ме боист
Сабр бо ин бало надорад пой
Бигурезад на банд бар пой аст
Ростӣ ба ки сабри мъзўрост
Бар сари теғ чун тавон пой аст
Бехи умеди ман з бен барканд
Онкии шохи замона пироӣ аст
Кори ман бад шудаасту бадтари азин
Ҳам шавад , то фалак бар ин рой аст
Аз ки нолам бигӯ зи коргузор
ё аз он кас ки кор фармой аст
Нола дорад зи захм , мори салим
Мор аз он кас ки моро Фасоӣ аст
Хези хоқонӣ аз нишемани хок
Ки на баси ҷои роҳат афзой аст