Фармони малик чаҳ соҳирии сохт
Каз саҳари баҳори озрии сохт
Дар ҳандасаи даст Мӯсавӣ дошт
Дар шӯъбадаи сунъи соҳирии сохт
Шакли фалаки дувоздаҳ бурҷ
Зини қасри дувоздаҳ дарии сохт
Аз бас ки ба санъаташ тарозед
Наққоши тарози соҳирии сохт
Аз чеҳраи чархи баради зангор
Нзҳтгаҳи хусрави сиррии сохт
Ваз рӯй шафақ гирифт шингарф
Тасвири шҳншаҳи фарии сохт
Як дарёи гавҳар аз қалам ронад
То сӯрати шоҳи гавҳарии сохт
Шоҳи аҷами ахстон ки дайн ро
Перояи зи адли парварии сохт
Искандари вақт каз ҳисомаш
Ақли оинаи Сикандарии сохт