Шурии зи ду ишқ дар сари мост

Майдони дил аз ду лашкар орост

Аз як назарами ду дилбар афтод

Вази як ҷиҳатами ду қубба бархест

Хуршед параст будам аввал

Акнӯн ҳамаи майли ман ба ҷавзост

Дар машриқу мағриби дили ман

Ҳам бадар ва ҳам офтоб пайдост

Ҷонами зи ду ҳур дар биҳишт аст

Корами зи ду моҳ бар сурайёст

Гар ёфтаам ду дар аҷаб нест

Зеро ки ду чашми ман ду дарёст

Биллоҳ ки хатост ҳарчӣ гуфтам

Валлоҳ ки ҳрончаҳ рафт савдост

Хоқониро чаҳ рӯз ишқ аст

Бо ин ғами рӯзгори кӯи рост

Рӯзӣ дорад сиёҳи чўнонк

Душман ба дуои ним шаби хост