Ҳар ки дар ошиқӣ қадам назада аст
Бар дил аз хӯни дида нам назада аст
ӯ чаҳ донад ки чист ҳолати ишқ
Ки бар ӯ ишқ , тир ғам назада аст
Ишқро мартабат надонад онк
Ҳамаи ҷуз дар висол кам назада аст
Дилу ҷон бохтааст ҳар ду баҳам
Гарчи бо дили рубой дам назада аст
Оташи ишқи дӯст дар шабу рӯз
Биҷузи андари дилам илм назада аст
Ёрб ин ишқ чист дар пасу пеш
Ҳеҷ ошиқ дар ҳарам назада аст
Оҳ аз он сӯхтаи дили бирён
Кӯ ба ҷуз дар ҳавоат дам назада аст
Рӯзи шодяш кас надид ва чаҳ рӯз
Боди шодии қафоаш ҳам назада аст
Шодмони он дил аз ҳавои бутӣ
Ки бар ӯ дарду ғам рақам назада аст