Ҳар ки ба савдоӣ чун ту ёр бипардохт
Ҳимматаш аз банд рӯзгор бипардохт
Дар ғами ту сахт мушкиласт сабурӣ
Хосса ки олами зи ғам гусор бипардохт
Ишқи ту дар марғзор ақл зад оташ
Азтар ва аз хушк марғзор бипардохт
Лаъли ту ушшоқро ба қимати як бӯс
Кӣсаи биҷои яке ҳазор бипардохт
Ҳиҷр ту афтод дар хазонаи умрам
Аввалаш аз нақд ихтиёр бипардохт
Хотири хоқонӣ аз барои висолат
Гӯшаи дилро ба интизор пардохт