Ақл дар ишқи ту саргардон бимонад
Чашми ҷон дар рӯй ту ҳайрон бимонад
Дар раҳи саргаштагии ишқи ту
Рӯзу шаб чун чарх саргардон бимонад
Чун надид андари ду олами муҳаррамӣ
Офтоб рӯй ту пинҳон бимонад
Ҳаркии чавгони сари зулф ту дид
Ҳамчуи гӯйӣ дар сар чавгон бимонад
Ҳар ки сар гум карду дил дар кори ту
Чун сари зулфи ту бесомон бимонад
Ҳаркии як дами оби дандон ту дид
То абади ангушт бар дандон бимонад
Ҳаркии ҷусти оби ҳаёт аз лаъли ту
Ҷовдон дар зулмат ҳиҷрон бимонад
Гар касеро васл додӣ бе талаб
Дидам он дар дард бедармон бимонад
Вар касеро бо ту икдми даст буд
Умрҳо дар ҳар ду олам зон бимонад
Ҳосили хоқонӣ аз савдои ту
Чашми гирёну дил бирён бимонад