эй пор дӯст бӯдау имсоли ошно

Вай аз сазои бурӣдау бгзидаҳи носазо

эй суфта дар васли ту алмоси нокасон

То кӣ кунӣ қабул , хасонро чу каҳрабо

Чандоварӣ чу шамси фалак ҳар шабонгаҳӣ

Сар бар замини хизмати ёрони биўФо

Онро ки хасм мост шудӣ ёру ҳамнафас

Бо онкӣ кам з мост шудӣ ёру ошно

Алҳақ сазо гузидӣу ҳқо ки дар хур аст

Пеши Масеҳи моидау пеши хари гё

Будем гавҳарӣ ба ту афтодаи ройгон

Нашинохтӣ ту қимати мо аз сари ҷафо

Бедида кӣ шиносади хуршедро ҳунар

ё кӯза гарчи донад ёқӯтро баҳо

Моро қазои бад ба ҳавоӣ ту дарфиканд

Оре ки ҳам қазои балои бод бар қазо

эй коши оташии зи канор андар омадӣ

На ҳасан ту гузоштӣ ва на ҳавои мо

Ҳукми қазоӣ буд ва гарна чунин бадӣ

Хоқонӣ аз куҷоу ҳавои ту аз куҷо