То чини он ду зулфи самани со падед шуд

Дар чини ҳазор ҳалқа ӣ савдо падед шуд

Дишабнигор маҳваши хуршед рӯй ман

Багушӯд бурқаъ аз руху ғавғо падед шуд

Зулфат чу мор хам заду ақраб тулӯъ кард

Рӯй чу ма намӯду сурайё падед шуд

Ашками зи дидаи қиссаи тӯфон суол кард

Чашмам ҷавоб дод ки аз мо падед шуд

Ҳаст он шарори сина ӣ Фарҳоди кӯҳкан

Он оташӣ ки аз дили хоро падед шуд

Одам ҳануз хоки вуҷӯдаши ғубор буд

Кӯро ҳавои ҷинати аъло падед шуд

Аз офтоби талъати Юсуф зуҳӯр ёфт

Нурӣ ки дар даруни Зулайхо падед шуд

Гулгуни оби дида чу аз чашм мо биҷуст

Монанди бод бар сари саҳро падед шуд

Аз дӯди оҳи мост ки абри ошкори гашт

Вази сайли ашки мост ки дарё падед шуд

Ҷонами шиканҷи зулфи турои ақд май шимурд

Ногуҳи дил шикастаам онҷо падед шуд

Хоҷу агар чаҳ шеъри ту ҷузи айн саҳар нест

Бигузар зи саҳар чун яди Байзо падед шуд