Дило ҷон дар раҳ ҷонон ҳиҷобаст
Ғами дил дар ҷаҳон ҷон ҳиҷобаст
Агар дорӣ сиррӣ бигузар зи сомон
Ки дар ин раҳи сар ва сомон ҳиҷобаст
з ҳастӣ ҳар чаҳ дар чашм ту ояд
Қалам дар нақши он каш кон ҳиҷобаст
Зулол аз машраби ҷони нӯш чун Хизр
Ки оби чашма ӣ ҳайвон ҳиҷобаст
Асо бификан ки Мӯсоро дарин роҳ
Чу некӯи бенгарӣ събон ҳиҷобаст
Бҳоҷб чун тавон маҳҷӯби гаштан
Ки ҳоҷиб бар дар султон ҳиҷобаст
Бҳкмти малики Юнон кӣ тавон ёфт
Ки ҳикмат дар раҳ Юнон ҳиҷобаст
Ба имон куфр бошад бози мондан
зи имон дар гузар к-эймон ҳиҷобаст
Туро эй булбули хуши нағма бо гул
Гар аз ман бишинавӣ дастон ҳиҷобаст
Миёни андалебу барги насрин
Ҳавои гулбун ва бустон ҳиҷобаст
з дармон бигузар ва бо дард май соз
Ки соҳиби дардро дармон ҳиҷобаст
Ҳадис ҷон макун хоҷу ки дар ишқ
зи ҷони андеша ҷонон ҳиҷобаст