Кӯи дил ки ӯ бдоми ғамати пой банд нест
Сайдӣ бадаст кун ки сараш дар каманд нест
Бо дилбарии самтгару саркаш фитода ам
Кӯро хабари зи ҳоли ман мустаманд нест
Пар мезанад зи шавқи лабаши мурғи ҷони ман
Айб магас макун ки шикебаши з қанд нест
Гӯйанд сабр дар мараз ишқ нофеъаст
Бории дарин ҳаво ки манам сӯдманд нест
Гар банд менаҳйу гарми панд май диҳӣ
Ҳастам сазои банд вале ҷой панд нест
Ҳар кас ки сарв гуфт қадатро баростӣ
ӯро муайянаст ки ҳиммат баланд нест
То баста шуд зи ишқи ту бар дили тариқи ақл
Дар шаҳри кӯ касе ки кунун шҳрбнд нест
Гар рад кунӣ маро накунад ҳечкас қабул
Зеро ки нописанди ту касро писанд нест
Хоҷуи магари бзхм фироқат шавад қтил
Врнии зи зарби теғи ту ӯро газанд нест